СМС-тавсияҳои огоҳикунанда ва рекламаи кишоварзӣ

СМС-тавсияҳои огоҳикунанда ва рекламаи кишоварзӣ - ин канали боэътимоди алоқа бо деҳқонон ва воситаи самараноки реклама дар деҳот бо хароҷоти камтарин мебошад:

  • Дар пойгоҳи додаҳои Нексигол рӯйхати 30 000 нафар деҳқонон мавҷуд аст, ки фаъолнокии рақами телефонашон тафтиш карда шудааст
  • Ҳамаи ноҳияҳои вилоятҳои Суғду Хатлон ва НТМ фаро гирифта шудаанд
  • Интихоби деҳқонон аз ноҳияҳои мушаххас ё аз рӯи дигар талаботҳо имконпазир аст
  • Барои таъмини қонунияти СМС-ҳо пешакӣ розигии деҳқонон гирифта шуда аст
  • Ба ғайр аз, СМС-ҳои рекламавӣ ва сарпарастӣ, ки шарикони мо, аз ҷумлаи бонкҳо, фурӯшандагони воситаҳои истеҳсолӣ, харидорони маҳсулоти кишоварзӣ ва ташкилотҳою лоиҳаҳои байналхалқӣ фармоиш менамоянд, худи Нексигол ҳам дар давоми сол ба деҳқонон СМС-ҳои огоҳикунанда ва тавсиявӣ мефиристонад

Бо ёрии СМС-рекламаи кишоварзӣ мизоҷони навро ҷалб намоед, фурӯшро афзоиш диҳед ва садоқати мизоҷонро ба тиҷорати худ мустаҳкам кунед!

Намунаҳои матни СМС-тавсияҳои огоҳикунанда ва рекламаи кишоварзӣ

Тавсияҳо барои пешгирии зарар аз ҳарорати паст ва боришоти пуршиддати моҳи феврал

Зироат: Картошка, Миқдори символ ва СМС: 236/67 = 4 СМС

Агар картошка дар чуқурии 8-10 см кишт шуда бошад, пеш аз сардӣ, ҳатман болои картошкаи киштшударо бо поруи маҳаллӣ пӯшонед. Ин усул зироатро аз хунукӣ нигоҳ медорад. Картошкаи дар масоҳати хурд киштшударо дар вақти хунукӣ метавонед бо плёнкаи полиэтиленӣ пӯшонед

Зироат: Мевагиҳо, Миқдори символ ва СМС: 192/67 = 3 СМС

Боғро обёрӣ кунед, поруи хушку баргу хазонро дуд кунонед. Ин усул гули дарахтро аз хунукӣ ҳифз мекунад. Пеш аз борон 100 гр Ариа ё 2 гр Скорро бо 10 л об омехта, боғро коркард кунед

Рекламаи фурӯшандагони воситаҳои истеҳсолӣ

Зироат: Қулфинай, Миқдори символ ва СМС: 73/67 = 2 СМС

Кӯчати серҳосили итолиёвии қулфинайро мефурӯшем. Муфассал ХХХХХХХХХ

Миқдори символ ва СМС: 46/67 = 1 СМС

Лентаи обёрии қатравӣ дар фурӯш ҳаст. Муфассал ХХХХХХХХХ

Рекламаи харидорони маҳсулоти кишоварзӣ

Зироат: Пиёз, Миқдори символ ва СМС: 52/67 = 1 СМС

Пиёзи навъи Берекетро барои содирот мехарем. Муфассал ХХХХХХХХХ

Зироат: Помидор, Миқдори символ ва СМС: 54/67 = 1 СМС

Помидор барои коркард мехарем. Муфассал ХХХХХХХХХ

Таклиф ба чорабиниҳои ташкилотҳою лоиҳаҳои байналхалқӣ

Миқдори символ ва СМС: 171/67 = 3 СМС

Шуморо ба Рӯзи кушод оиди намоиши технологияҳои мутобиқкунии истеҳсолот ба тағирёбии иқлим даъват менамоем. Вақт: 15 июл, 09:00. Ҷой: Ноҳияи Вахш. Муфассал ХХХХХХХХХ

Рекламаи бонкҳо

Миқдори символ ва СМС: 132/67 = 2 СМС

Вақтро аз даст надиҳед. Ба рақами ХХХ занг занед ва Корти Миллии худро ба даст оред! Ба дорандагони кортҳо +3% солона ба бақияи корт тақдим мешавад