Комёбиҳои мо

Платформаи AgroSpace ба истифодабарандагон хизматҳои рақамии зеринро пешниҳод менамояд:

  • 18 барномаҳои мобилии гуногун барои истеҳсол ва фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ва барои гузаронидани машваратҳои фосилавӣ ба ду-чор забон (тоҷикӣ, қирғизӣ, русӣ ва англисӣ). Беш аз 170 000 истифодабарандагон, 15% истифодабарандагони фаъол
  • Беш аз 600 маводи электронӣ дар китобхонаи электронӣ, ки ба рушди кишоварзӣ, иқтисод ва маҳалҳои Осиёи Марказӣ марбут мебошанд, бо имконияти иловакунии маводҳои ройгон/пулакӣ, ҷустуҷӯ ва боргирӣ. Беш аз 360 000 маводи боргиришуда
  • Платформаи тиҷорати кишоварзӣ барои хариду фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ бо имконияти иловакунии эълонҳо бевосита аз сматрфон. Беш аз 3 000 истифодабарандагон дар як моҳ
  • Харитаҳои кишоварзӣ маълумот оид ба истеҳсолоти 35 намуди маҳсулоти кишоварзӣ дар сатҳи ноҳияҳо аз соли 2012, суроғаҳои ширкатҳои коркард, анборҳо, гармхонаҳо, агромағозаҳо ва ғайра пешниҳод менамоянд, ки барои интихоби дурусти маблағгузорӣ, банақшагирии истеҳсолот ва коркарди маҳсулот, ташкили самарабахши ҷамъоварии ҳосил истифода мешаванд. Беш аз 500 мутахассисон аз кишварҳои гуногун ҳар моҳ аз ин барнома барои ҳалли вазифаҳои худ истифода мебаранд
  • Низоми машваратдиҳии фосилавӣ ба мутахассисон, мушовирон ва бизнес имкон медиҳад, ки ба воситаи барномаи мобилӣ якдигарро пайдо кунанд. Инунин дар он имконияти бақайдгирии соддаи истифодабарандагон, сохтани профайл, баҳогузорӣ ба мушовирон ва мутахассисон ба назар гирифта шудааст
  • Шабакаи видеоӣ дар YouTube маводҳои таълимӣ ва иттилоотии видеоиро барои баланд бардоштани ҳосилнокӣ, пешгирии касалиҳо ва ҳифз аз зараррасонҳо пешниҳод менамояд. Он 500 000 боздид ва зиёда аз 6 000 муштарӣ дорад
  • Барномаҳои дигар – нархҳои чаканаи бозории маҳсулоти кишоварзӣ дар шаҳрҳои Тоҷикистон (ҳафтаина) ва Қирғизистон (моҳона); калкуляторҳо барои ҳисоб кардани миқдори лозимаи тухмӣ, об ва нуриҳо. Соле ин барномаҳо беш аз 3 000 истифодабарандагон доранд

Ҷойи дуюм дар озмуни байналмилалии лоиҳаҳои инноватсионӣ оиди Платформаҳои рақамии Авруосиё, 2019