Дар бораи мо

AgroSpace – ин платформаи хизматҳои рақамии кишоварзӣ мебошад, ки соли 2019 аз тарафи се ширкатҳои ҳамкор - ширкатҳои «Нексигол Навовар» ва «Нексигол Мушовир» аз Тоҷикистон ва ширкати «АгроИнформАзия» аз Қирғизистон таҳия шудааст.

Агроинформазия - ин ширкати иттилоотӣ–машваратӣ мебошад, ки аз соли 2007 дар Қирғизистон фаъолият мебарад. Ташкилоти мазкур бо таҳияи хизматҳои рақамӣ барои рушди робитаҳои B2B, пешниҳоди иттилоот барои қабули қарорҳои муассир оид ба тиҷорат ва банақшагирӣ, идоракунии дониш ва машварати фосилавӣ машғул аст.

Нексигол Мушовир - ин ташкилоти машваратии кишоварзии ғайритиҷоратӣ мебошад, ки аз соли 2009 инҷониб барои деҳқонон ва корхонаҳои кишоварзӣ доираи васеи хизматрасониҳои машваратӣ, омӯзишӣ ва илмӣ-тадқиқотиро пешниҳод менамояд, ки аз барномаҳои рушди иқтидор ва таҳияи маводҳои таълимӣ то омӯзишҳо барои тренерон, омӯзишҳо оид ба ҷорӣ намудани технологияҳои сарфаи захираҳои табиӣ ва технологияҳои рақамиро дар бар мегирад.

Нексигол Навовар - ин ширкати технологӣ мебошад, соли 2016 таъсис ёфтааст ва бо таҳияи хизматрасониҳои рақамӣ барои беҳтар кардани самаранокии истеҳсолоти кишоварзӣ машғул аст.